ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ Ҷ. РУМӢ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки масъулини корхона ва идораҳои давлатӣ дар ҷамоату деҳоти ноҳияи Муъминобод бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва муроҷиати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба корҳои созандагию ободонӣ ва истифодаи самараноки қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, пардохти саривақтии ҳаққи нерӯи барқ, об ва андоз инчунин, ҷиҳати тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб вохӯриҳо бо сокинон идома доранд.

Дар доираи ин ташаббус дирӯз бо сокинони маҳаллаи Ҷ. Рӯмӣ вохӯрӣ доир карда шуд, ки дар он намояндагони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои зикршуда ба сокинон маслиҳатҳои муҳим доданд.

Қайд карда шуд, ки сокинон, пеш аз ҳама, барои тирамоҳ ва зимистонгузаронии солҳои 2022-2023 омодагӣ дида, маводи ғизоӣ ва хӯроки чорворо дар шакли хушкида захира намоянд. Чунки вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва баланд шудани нархи хӯрока тақозои онро менамояд, ки сокинон ба исрофкорӣ роҳ надода, заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода баранд.