Омодагиҳо барои таҳсили солҳои 2022-2023

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Мактаби ман” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ҷамоати деҳоти Рўдакӣ  бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, Ассотсиатсияи падару модарон, собиқ хатмкунандагони солҳои гуногуни муассисаи мазкур дохил ва атрофи  муассиса таъмир ва деворҳо рангубор карда шуда, дохили синфхонаҳо пурра аз таъмири босифат бароварда шуд. 

Ҳамзамон,  аз рафти таъмири муассисаи зикргардида мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Нуралиева Мадина дидан намуд. Барои таҳсили солҳои 2022-2023 муассисаи номбурда омода буда, барои таҳсили босифати муҳассилин шароитҳои хуб фароҳам оварда мешавад.