МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ КӮЧАИ ВАҲДАТ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҷамоату деҳоти ноҳияи Муъминобод бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва муроҷиати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба корҳои созандагию ободонӣ ва истифодаи самараноки қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб вохӯриҳо бо сокинон идома доранд. Дар доираи ин иқдом бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин ва раиси Ҷамоати шаҳраки Муъминобод Мирзошарифзода Сабоҳат бо сокинони  кӯчаҳои Ваҳдат, А. Партоев вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ ба ҳар як оила аз ҷониби ҳайати корӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳи зиндагӣ ва истифодаи самараноки замину захираи маводи ғизоӣ тавсияҳои судманд дода шуда, қайд карда шуд, ки мо бояд шукргузорӣ аз дастоварду пешравиҳои ин Ватан ва истиқлолу ваҳдати миллӣ намуда, 35-умин солгарди Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои меҳнатии арзанда истиқбол намоем.

Зимни мулоқот сокинон иброз намуданд, ки дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии кишвар барои мо ҳамчун дастурамал ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо ҳамеша баҳри пешрафту ободии ин Ватани муқаддас талош хоҳем кард.