ШАРОИТИ МУСОИД БАРОИ ТАЪЛИМГИРАНДАГОН ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

 

Дар муассисаи таъҳсилоти миёнаи умумии №10-и  ҷамоати шаҳраки Фархор бо дастгирии Ассотсиатсияи падару модарон ва саҳмгузории шахсони саховатманд корҳои таъмиру азнавзозӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” рафта истодааст.

Дар муассисаи мазкур корҳои таъмиру рангу бори синфхонаҳо рафта истодааст. То имрӯз қисми зиёди синфхонаҳо аз таъмир бароварда шуда, кор дар роҳравҳои муассиса идома дорад.