КОРҲОИ ОБОДОНИВУ БУНЁДКОРӢ ВУСЪАТ МЕЁБАНД

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 14.07.2022 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод маҳаллаи  Пахтаобод-3  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Хоҷаев Хуршед баргузор гардид, ки зиёда аз 2 км роҳи маҳаллаи мазкур сангфарш карда шуд. 

Дар ҳашари дастаҷамъона аъзоёни фаъоли ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пахтаобод-3” фаъолона ширкат варзида, дар ободии маҳалли худ саҳми арзанда гузоштанд