Ташаббусҳои созандаи  ҳизбиён ҳамаҷониба  дасгирӣ ёфта  истодаанд

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

                                                

Ташкилотҳои ибтидоии Хизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар радифи  дастуру  ҳидоятҳои  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Точикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  мақсади  татбиқи  босамари  ҳадафҳои  созандаи барномавии  ҲХДТ, дар  самти                                            рушди  инфрасохтори  деҳот, ташкили  корҳои  ободоню  созандагӣ, таъмири  муассисаҳои  таълимӣ  ва синфхонаҳои  иловагӣ  дар  маҳаллу  деҳот  ҳамчун  ташшаббус ва  ё  аксияҳои  ҳизбиро  зери  унвони  «Якҷоя месозем!» бо  таври  муташаккилона  роҳандози  гардонида  истодаанд.

Бо  ташаббуси  Кумитаи  иҷроия   ва  бо  дастгирии   аъзои  фаъоли ҳизби  ташкилоти  ибтидоии  деҳаи  Баҳор  дар доираи ҷашнгирии 35 солагии Истиқлолияти  давлатӣ қисми  берунии бинои муассисаи  таҳсилоти  миёнаи умумии  №  1-и  ноҳия, ки  солҳои  зиёде таъмин  нашуда  дар  ҳолати  ногувор  қаоро дошт  таъмир  намуда  истодаанд.

Дар  рафти амалисозии корҳои  осозандагиву  ободонӣ ва  ташаббусҳои аъзои  фаъоли  ҳизб, раиси  Кумитаи  иҷроия  Ализода  Сураё  Ҷура ин  ташаббуси аъзои  ҳизбро амали  нек номида, ёдовар шуд, ки ҳамаи  ташаббусҳои  мо  ҳизбиён  хеле  бо  маврид мебошанд.    Ин  иқдоми нек аз  ҷониби  аъзои  фаъоли  ҳизб, шахсони эҳсонкору саховатманд  ва падару  модарон минбаъд  низ идома  ёфта,  дар рушди  минбаъдаи  соҳаи  маорифи  кишварамон саҳми босазо  мегузорад.