Таҷлили Рӯи маъюбон дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Гулистон”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитстон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 8 июл дар қаламрави мамлакат ҳамчун Рӯзи маъюбон таҷлил мешавад. Дар ин рӯз баҳри дастгирӣ ва зиёд намудани ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд ва ҳарчи беҳтар намудани шароити кору зиндагии онҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Бо мақсади шод намудани маъюбон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати деҳоти Гулистон”-и ноҳияи Восеъ Рӯзи маъюбон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.

Ҳамзамон масъулон дар чорабинӣ аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати шахсони дорои имконияти маҳдуд ибрози назар карда карда, қайд намуданд, ки шахсони маъюб ҳамеша зери таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Раиси муаззами ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. 

Дар ин рӯз баҳри шахсони дорои имконияти маҳдуд аз тарафи соҳибкорони хайрхоҳу саховатпеша дастурхони идона густурда шуда, ба онҳо ҳамзамон тӯҳфаҳо аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ ва муовини раиси ноҳияи Восеъ Давлатзода Қурбоналӣ супорида шуданд.