ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии Ҳизб ва бандҳои нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, ҳар моҳ ба ду нафар маъюбон – Маҳмадов Билолиддин - сокини деҳаи Навҷувони ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ва Маҳмудова Фароғат - сокини кӯчаи М.Турсунзодаи ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ нафақаи ҳизбӣ барои моҳи июн дастрас гардонида шуд. Ҳамчунин, ҳар моҳ ба як нафар маъюб аз ноҳияи Мир Саийд Алии Ҳамадонӣ низ нафақаи ҳизбӣ дода мешавад. Маблағи нафақа ба ҳар кадоми онҳо 500 (панҷсад) сомониро ташкил медиҳад.

Зимни расонидани нафақаи ҳизбӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҳасан Ғуломов қайд намуд, ки маъюбону барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд ва ба онҳо мунтазам кӯмакҳои молиявӣ расонида мешавад. Нафақаи ҳизбӣ ба Маҳмадов Билолиддин ба модараш Маҳмадова О. аз тарафи мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ Малика Нурализода расонида шуд.