БА КАСБОМӮЗӢ ФАРО ГИРИФТАНИ ҶАВОНОН

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

      Бо мақсади шинос шудан бо шароити қабул ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон, Раиси ноҳияи Дӯстӣ,  Нишонзода Даврон Назаралӣ дар якҷоягӣ бо Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз,  аз ҳолати  кории  Литсейи касбии техникии ноҳияи Дӯстӣ, дидан намуданд.

  Қайд гардид, ки литсейи мазкур аз рӯи 7 ихтисос, аз ҷумла ронандагӣ, кафшергарӣ, ҳарротӣ, устои мошин ва дигар касбҳо довталабонро қабул карда ҳамчун мутахассиси соҳа омода менамояд.
 Ҳамзамон, зимни суҳбат раиси ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Д.Н, иброз дошт, ки барои муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳои фаннӣ ва компютерӣ ёрии амалии худро мерасонад.
   Дар навбати худ аъзоёни ташкилотии ибтидоии ҳизбии "ЛКТ-25" низ иқдом гирифтанд, ки аз ҳисоби худ чор синфхонаро таъмир карда бо ашёҳои аёнии таълимӣ таъмин мекунанд.