Сохтмони муассисаи наву замонавӣ ҷараён дорад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маъмурият ва коллективи омӯзгорону муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳия хеле шод аз он мебошанд, ки дар деҳаи Охҷари ҷамоати мазкур ба ҷои муассисаи кӯҳнаву фарсуда, сохтмони як муассисаи наву замонавӣ оғоз гардидаву корҳои сохтмонии он бо дастгириҳои шарикони рушд ва соҳибкорони саховатпеша ҷараён дорад.  

Айни ҳол, сокинони деҳа дастаҷамъона дар сохтмони муассиса машғул буда, саҳми худро дар бунёди он гузошта истодаанд, ки то ки иншооти мазкур туҳфаи арзанда дар ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ ба устодону шогирдон, падару модарон ва сокинони деҳоти Охҷар бошад.