Рӯзи Ёдоварӣ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар таърихи 25 июни соли ҷорӣ бо иштироки муовини раис –мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Мустафоқулов Бахтиёр Анварович ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик  Валиев Баҳоваддин бо аъзоёну ҷонибдорони Ҳизб дар оромгоҳи ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд ноҳияи Темурмалик Аксияи ҳизбӣ таҳти унвонӣ “Рӯзи Ёдоварӣ” баргузор гардид.

Дар Аксияи мазкур дохил ва атрофи оромгоҳ тоза карда шуда, дарахтони навниҳоли атрофи оромгоҳ обшорӣ карда шуд.