Ташаббусҳо амалӣ мегарданд.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар доираи ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман" вохӯриҳои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Дӯстӣ доир гардида истодаанд.Мақсад аз баргузории ин ташаббус, ҷалби хатмкардагони муассисаҳо, шахсони саховатпеша, барои ободонию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ мегардад.
Чунин як вохӯрӣ бо хатмкунандагони МТМУ-23,  Ҷамоати деҳоти Нури Вахш баргзор гардид, ки даон он даспарварони мактаби мазкур аз омодагии худ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободонии муассисаи таълимиро матраҳ намуданд. Дар идомаи вохӯрӣ иштирокчиён аз ҳолати имрӯзаи бинои муассиса ошноӣ пайдо карданд. Ҳамин тавр, сокинони деҳа тасмим гирифтанд, ки дар таъмири
 ҷории синфхонаҳо саҳми худро мегузоранд.