ҲХДТ - СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, як қаттор корҳои ободониву созандагӣ  аз ҷумла сангфаршкунӣ ва мумфаршкунӣ бо маром идома ёфта истодааст.Дар маҳаллаи №6-и ҷамоати шаҳраки ноҳияи Данғара бо ҷалби истиқоматкунандагон ва соҳибкорони маҳаллаи номбурда, дар доираи Аксияи ҳизбӣ “Якҷоя месозем!” пас аз сангфарш гардидан  роҳҳи байни маҳалла пурра мумфарш карда шуд.

Барои корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии  маҳалли зисти худ бояд  ҳар як нафар саҳми худро  гузорад.