АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ БАХШИДА БА 25 – УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар таърихи 22 июни соли ҷорӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Мустафоқулов Бахтиёр, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот Валиев Баҳоваддин ва аъзоёну ҷонибдорони Ҳизб Аксияи иттилоотӣ дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ рамзи пирӯзию сарҷамъии миллат” ва Аксияи иттилоотӣ ва тарғиботӣ дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” баргузор гардид.

Дар Аксияи мазкур зиёда аз 200 – адад варақаи аксияи ҳизбӣ ба коргарони муассисаву ташкилотҳо, шаҳрвандони алоҳида ва роҳгузарон дастрас гардид.