СОКИНОН ДАР ОБОДКОРИҲО САҲМГУЗОРАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Корҳои таъмиру аз нав рангу бор намудани синфхонаҳо дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и деҳаи Навободи боло бо карбарии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва саҳмгузории сокинони деҳа дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” рафта истодааст.

Ҳамзамон мақсад доранд, то саршавии соли нави хониш ҳамаи синфхонаҳо ва роҳравҳои муассисаро аз таъмири ҷорӣ бароранд.