МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТИ «РАЁСАТИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ»

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

       Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ»-и ноҳия маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидшо Асроров ва дигар кормандони Кумита иштирок намуданд.

Дар маҷлис масъалаҳои ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ» оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоотӣ, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии «Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ» барои нимсолаи дуюми соли 2022, иинтихоби вакилон ба конференсияи ноҳиявӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ муҳокима гардид.

     Тавре зикр гардид, ташкилоти ибтидоии «Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ» -и ноҳия яке аз ташкилотҳои ибтидоиест, ки аъзоёни он дар ҳама чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ фаъолона иштирок дошта, дар таъмини ташкилоту корхонаҳо бо мутахаасисони касбӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ саҳми босазо доранд. Дар идомаи маҷлис ҳамчунин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ» интихоб гардида, аъзоёни ташкилот ҳамчунин вакилони худро барои иштирок дар Конференсияи ноҳиявии ҳизбӣ пешбарӣ намуданд.