Оғози мусобиқаи футболи хурд

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Бо мақсади таҷлили сазовори 30-солагии таъсисиёбии ҲХДТ ва баҳри таъмини иҷрои барқияи телефонии КИМ ҲХДТ аз 06. 05. 2024, №29 санаи 8.05. 2024 дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳия, намояндагони  Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” ва футболбозони ғайрикасбӣ барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бахшида ба 30- солагии таъсисёбии ҲХДТ мусобиқаи футболи хурд оғоз гардид. Ҳозирин вобаста ба ин чорабинии варзишӣ изҳори ақида намуда, иштирокчиёни онро ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар самти варзиш  вазифадор намуда, бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин мусобиқа дастурҳои судманд доданд.