ПЕШВОЗИ САРБОЗИ ВАТАН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 7-уми майи соли ҷорӣ бо шиори "Истиқболи сарбози Ватан шараф аст!" дар ноҳияи Ёвон ҷавонмардоне, ки қарзи шаҳрвандӣ, хизмат дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида бо сарбаландӣ ба назди волидайн баргаштанд, бо суруру шодмонӣ истиқбол гирифта шуданд. Дар фазои тантанавии истиқболи сарбозони далери Ватан дар манзили истиқоматиашон Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ба шодиву комронии волидони онҳо шарик шуда, барои садоқатмандона ҷамъбаст намудани хизмати аскарӣ ва тарбияи чунин ҷавонмардони ватандӯст ба волидони онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ ва сарбоз тӯҳфаву сипоснома сарфароз гардонида шуд.