БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - НАЗАРИЯВӢ ДАР МУАССИСА ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Радио имрӯз ҳамчун яке аз воситаҳои фароғири расонидани иттилоот ба ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти рӯзгор, таҳкими асорати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат ва дӯстию рафоқат нақши муассир дорад. Ҳамасола 7-уми май Рӯзи ҷаҳонии радио ва кормандони соҳаи алоқа ҷашн гирифта мешавад. Санаи 6-уми май дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” бахшида ба ин рӯз конференсияи илмӣ- назариявӣ таҳти унвони "ИХТИРОИ АВВАЛИН ТЕХНОЛОГИЯИ КОММУНИКАТСИОНӢ" баргузор гардид. Дар конференсия омӯзгорони кафедраҳои математика-информатика ва кафедраи Фанҳои табиӣ Назарова Р.С., Ғаниева Ҳ ва донишҷӯйи курси 2, ихтисоси информатика Рӯҳафзои У оид ба таърихи пайдоиши радио ва нақши он дар замони имрӯза маърӯзаҳо намуданд. Дар фарҷом байни иштирокчиёни конференсия саволу ҷавоб баргузор гардид.