Нафақаи ҳизбӣ дастраст гардонида шуд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба нафарони имконияташ маҳдуд, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқарар карда шудааст.

Дар доираи ин иқдом масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ба волидайни имконияташ маҳдуди  гурӯҳи 1-ум сокини Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ Тағоева Шаҳноза нафақаи ҳизбиро дастраст гардонид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳ.Р. зимни сӯҳбат бо волидайни Тағоева Шаҳноза қайд намуд, ки Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакат дастгирии нафарони имконияташон маҳдуд ва оилаҳои ниёзмандро дар мадди аввал қарор дода, пайваста ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, то ин ки онҳо худро танҳо ва нотавон эҳсос накунанд.