ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муҳими миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми деҳаҳои ноҳияи Ҷайҳун бо саҳми аъзои ҳизб, фаъолон ва сокинони ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бо маром амалӣ гардида истодааст.

Ин навбат, чунин ташаббус дар кӯчаи Сомонии Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо ташаббуси соҳибкорону фаъолони деҳа тариқи ҳашари дастаҷамъона корҳои ободонӣ гузаронида шуда, роҳи дохилии маҳалла таъмир ва сангфарш гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки ташабуси мазкур дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя  месозем!» баргузор гардида, имрӯзҳо дар ноҳия баҳри тадбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ҳамзамон таъмини зиндагии шоиста ба мардум чунин ташаббусҳо амалӣ гашта истодааст.