САҲМИ АЪЗОЁНИ ҲХДТ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ва ба сари қудрат омадани Пешвои муаззами миллат соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва самти афзалиятноки сиёсати давлат эълон гардид. Саҳми Президенти мамлакат дар нуфуз пайдо кардани соҳаи маориф ва боло бурдани мавқеи омӯзгор ниҳоят бузург аст. Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама паёмҳои худ дар масъалаи маориф суханрони намуда қайд менамоянд, ки соҳаи маориф соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад... 

Аз ин ҷост, ки аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, барои бо дастовардҳои назарраси соҳавӣ таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии ҲХДТ камари ҳиммат баста ба корҳои ободонию созандагӣ дастаҷамъона  машғул мебошанд.

Масъулини кумита дар ноҳия аз рафти корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар МТМУ №13 дидан намуданд, ки аз тарафи роҳбарияти муассиса иттилоъ дода шуд, ки дар назди муассисаи мазкур бинои иловагии синфхонаҳо аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб сохтумонаш идома дошта, айни замон дар сохтумони мазкур корҳои бетонгириву оҳанбофи, корҳои хиштчинӣ (кладка) идома дорад ва масъулин тасмим гирифтаанд, ки бинои мазкурро дар рӯзҳои наздиктарин ба истифолда диҳанд.

 

 

         Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.