МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ 3 МОҲИ СОЛИ 2024 ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "БОЙТОРИИ ШАҲР"

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бойтории шаҳр” дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар маҷлиси ҷамъбастӣ оиди фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ 3 моҳи соли 2024 баргузор гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бойтории шаҳр” Холов Ҷурабек иштирок намуданд. Маҷлисро Холов Ҷурабек ифтитоҳ намуда, оиди фаъолияти 3 моҳи соли 2024 ахборот дод. Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис низ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Дар маҷлиси ҷамъбастӣ масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолият дар давоми 3 моҳи соли 2024 ва нақшаҳо барои оянда.

2. Тасдиқи нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Масъалаҳои ҷорӣ

Дар фарҷом мудири бахши занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила ҷиҳати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми Паёмашон ба Маҷлиси олӣ ироа намуда, буданд суханронӣ намуда, ҷиҳати фаъолнокии ташкилоти ибтидоӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ ба ҳозирин дастур доданд.