ТОЗАГИИ МАҲАЛ АЗ ҲАМАГОН ВОБАСТА АСТ!

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ташкилоти ибтидоии “ Коммуналчиён ” саҳми босазо доранд. Хусусан аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аз ташкилоти ибтидоии “Коммуналчиён” дар тозагии ноҳия махсусан назди биноҳои истиқоматии баландошиёна баҳри тоза нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳои ноҳия кушиш ба харҷ намуда истодаанд.
Тозагии ноҳия вазифаи ҳар як сокини бонангу номуси он ба ҳисоб рафта, баҳри тозагии он бояд тамоми сокинон саҳми худро дареғ надоранд. Сокинони ноҳияро лозимаст, ки саҳми худро дар ободонии диёр ба маҳали худ гузоранд. Партовҳоро бурда дар ҷойҳои махсус партофта, ба тозагии гирду атрофи худ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Партовҳоро ба дасти кӯдакон ба партовгоҳ равон накунанд, зеро онҳо партовҳоро бурда дар кӯчаву роҳову маҳаллаҳо мепартоянд. Инчунин ҳар як шаҳрванде, ки соҳиби нақлиёт мебошад, партовҳоро аз дохили мошин ба ҷониби роҳ напартоянд, зеро тозагии маҳал аз ҳамаи мо вобастагӣ дорад.