ШАРҲИ АҲАМИЯТ ВА МОҲИЯТИ СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ №2024

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 6 – майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор мулоқот бо аъзои фаъоли ҳизб дар мавзӯи соли маърифати ҳуқуқи эълон гардидани соли 2024 мулоқот баргузор карда шуд. Зимни суханронӣ Тағайзода Рустам иброз доштанд, ки Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба сомон расонидани корҳои зерин саривақтӣ мебошад: дар барномаи муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дохил намудани фанҳои ҳуқуқшиносӣ, ташкили низоми огоҳонии шаҳрвандон аз ҳуқуқҳояш ва амалҳои зарурии ҳимояи ин ҳуқуқҳо; тақвият додани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣҳуқуқӣ, ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо; таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ ва ройгон ҷойгир намудани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои хусусияти ҳатмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид намудани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ. Гузаронидани ин тадбирҳо ба баланд шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд. Маърифати баланди ҳуқуқӣ- ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бар зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ нестанд, балки дар халли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.