ПЕШГИРИИ НАЪШАМАНДӢ МИЁНИ ҶАВОНОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 4 апрели соли ҷорӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Мирзоев Толиб дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 мулоқот оид ба пешгирии амалҳои номатлуб миёни ҷавонон ва махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор карда шуд.Мирзоев Толиб дар суханрониҳои худ оид ба масъалаи мазкур иброз доштанд, ки имрӯз нашъамандӣ мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст, ки сабаби асосии он ба маводи нашъадор майл кардани ҷавонони зиёд мебошад. Ин табақаҳои ҷомеа дар ҳама ҳолатҳо бояд худро аз хатарҳои нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва дигар кирдорҳои ношоиста эмин нигоҳ доранд. Истеъмоли маводи нашъадор ва дигар моддаҳои заҳрнок ба саломатӣ зарари ҷиддӣ расонида, оқибат ба марг оварда мерасонад. Нашъамандони ҷаҳон имрӯзҳо зиёдтар ҷавононро ба ин маводи сахттаъсир ҷалб карда, тавассути онҳо маводи нашъадорро ба тамоми ҷаҳон паҳн менамоянд ва ин масъала яке аз мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Боиси таассуф аст, ки мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният дар асри XXI боқӣ монда, он ба эътидол овардани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсии давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида таҳдид менамояд. Миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар азият мекашанд ва ҳазорон ҷавонон ҷони худро аз дасти ин мараз бохтаанд. Дар давоми солҳои охир нашъамандӣ ба саломатии мардуми сайёра, аз ҷумла аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ пеш оварда, дар самти пешравии фарҳангу иҷтимоъ монеа эҷод намуда истодааст. Нашъамандӣ чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсон аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷрӯҳ мегардонад. Имрӯзҳо теъдоди нафароне, ки ба ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёд мебошад. Онҳо шояд бо сабабҳои дур гаштан аз ғаму дард, нуқсону камбудиҳои ҳаёт бо сабаби мувоҷеҳ шудан ба беморӣ, ё худ аз нодониву айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд. Вобаста ба ин мову Шумо устодони гиромиро зарураст, ки ҳарчи бештар бо ҷавонон оид ба ин масъалаи ҳайётан муҳим суҳбату мулоқотҳои паёваста доир намуда, ҷавононро аз оқибатҳои марговари он огоҳ намоем.