Маҳфили адабӣ ба ифтихори устод Мирзо Турсунзода

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

санаи 4-уми майи соли ҷорӣ дар  бахшида ба солгарди шоир ва Қаҳрамони халқи тоҷик Мирзо Турсунзода дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 маҳфили адабӣ баргузор гардид. Чорабиниро директори муассиса ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Мирзо Турсунзода дар таъриху ташаккул ва такомули адабиёти навини тоҷикон нақши ҷовидона гузоштааст. Ашъори ин шоири тавонои миллати тоҷик аз мавзуоти ҷабҳаҳои муҳим таркиб ёфта, ситоиши зан яке аз мавзўъҳои асосии назми рўҳнавозу дилписанди ин суханвари беназир ба шумор меравад.Сипас, устодони дтигар дар бораи вассофи сулҳу дўстӣ-Мирзо Турсунзода ибрози назар намуда, таъкид доштанд, ки Мирзо Турсунзода аз байни халқ баромадааст. Ў дар як хонадони одии деҳаи кӯҳистон тарбият ёфта, аз саргузашти халқ, таърихи воқеиву зиндаи он, одоби миллӣ, суннату ойинҳо,  мушкилоту фоҷиаҳои ба сари мардум омада, ормонҳои миллии халқаш ба хубӣ огоҳ аст. Ў ин ҳамаро аз сар гузаронидаву дар пўсти худ эҳсос намудааст. Ба ҷуз ин ў фарзанди содиқу бовафо ва ҷоннисорӣ  ҳамин диёр аст, ватанашро дўст медорад. Аз ин рў дар тасвирҳои шоиронааш аз ин дониш истифода мекунад ва ҳамин сифату ҳамин огоҳист, ки ашъори ў шираи маърифати халқ дорад, ба забони халқ наздику фаҳмост. Аз ин рў сухани ў дар ин мавзўъҳо равшану  равон ва табиист.

Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён шеърҳои Мирзо Турсунзодаро  қироат гардиданд.