БАРОИ ТОЗАГИВУ ПОКИЗАГИ САҲМГУЗОР БОШЕМ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар пайравӣ ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия барои тозаву озода намудани манзилу кошона, кӯчаву маҳаллаҳои зист, дар ободонию созандагӣ, тозагиву покизагӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани гирду атрофи муассаса саҳми худро гузошта истодаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз доштанд, ки «Биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем».