НАТИҶАГИРИ АЗ ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "МУЛОКОН"

Балҷувон: Ҳисобот  

Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Зоирзода М. О дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Мулокон" маҷлиси ҳисоботӣ баргузор карда шуд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  " Мулокон " Қурбонов А оғоз бахшида,  рӯзномаи маҷлисро муайян намуданд.

Доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр Қурбонов А, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар 3- моҳаи якуми соли равон ва вазифаҳо барои минбаъда дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

Қайд намуд, ки дар доираи гузаронидани чорабиниҳои ҳизбӣ роҳандозии тарғибу ташвиқи ҳадафу нақшаҳои оинномавию барномавии ҳизб, муарррифии шоистаи дастовардҳои он дар замони истиқлолият саҳми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мулокон” назаррас аст.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бахшида ба ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақша чорабиниҳо тартиб дода ба тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизби дастрас карда шудааст, ки амалишавии ин бандҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроия  ва ташкилотҳои ибтидои ҳизбии ноҳияи Балҷувон дар соли 2024 тадбиқ гардида истодааст.

Дар маҷлис  дигар масъалаҳои рӯзнома низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.