АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ

А.Ҷомӣ:  

Имрӯз тибқи нақшаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ аз ҷониби Мудири шуъбаи таблиғот дар назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ, дар китобхонаи бачагонаи марказии ноҳия мутолеаи китобҳои бадеӣ бо мақсади ҷалби ҷавонон ба китобхониву китобдорӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо, ба ин васила ҷалби онҳо ба ватандӯстиву меҳанпарастӣ гузаронида шуд. Аз гузашта то ба имрӯз китоб барои инсон як маъхази бебаҳои ақлу хирад аст. Ҳар як халқу миллат маҳз тавассути китоб тамоми мероси гаронбаҳои худро дар тӯли асрҳо омӯхтааст.
Китоб сарчашмаи дониш, сарчашмаи дарёи ақл, сарчашмаи илму маърифат ва сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳост. Аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дигар наврасон дар китобхонаи мазкур китобҳои гуногуни бадеиро мутолиа намуда, ба худ ғизоӣ маънавӣ гирифтанд.
Дар доираи эълон гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” ҳафтае як маротиба маҳфили китобхонӣ гузаронида мешавад.