Ифротгароӣ ҳамчун вабои аср

Панҷ: Вокуниш  

         Ба ҳамагон маълум аст, ки ифротгароӣ имрӯз ба яке аз бемориҳои умумибашарии дарднок ва сирояткунанда табдил ёфтааст. Ин беморӣ умумибашарӣ ва дарднок аст, зеро ҳар фарди солимақли ҷомеаро нороҳат мегардонад. Ҳамзамон ин бемории мудҳиш сирояткунанда низ маҳсуб меёбад, зеро вай ба наслҳои  нави ҷомеа ба таври муттасил интиқол ёфта истодааст. Аз ин нуқтаи назар ин беморӣ хеле хатарнок ва даҳшатангез ба ҳисоб меравад ва бар зидди он муборизаи оқилона, нақшавӣ ва ҳадафмандона бурдан амали зарурӣ ва ногузир буда, кафили зиндагии орому осудаи аҳли ҷомеа дониста мешавад. Барои бар зидди он дуруст ва ҳадафмандона мубориза бурдан бо моҳияти он шинос шудан ҳатмист. Мафҳуми ифротгароӣ аз ду калима: вожаи арабии «ифрот» ва вожаи тоҷикии «гароӣ» ба маънои «гаравидан, пайравӣ намудан» таркиб ёфтааст. Вожаи «ифрот» бошад, дар луғат маънои «Аз андоза зиёд амал кардан; бетаҳаммулӣ зоҳир намудан» («Луғат»-и Баранов Х.К.) -ро ифода менамояд. Вожаи мазкур  дар амалияи иҷтимоӣ имрӯз дар соҳаи дин бештар маъмул гардидааст ва ба  маънои «дар масоили динӣ зиёдаравӣ намудан» тафсир меёбад. Ҳамин тариқ, чӣ дар гуфтори динӣ  ва чӣ дар рафтори динӣ зиёдаравӣ намудан маънои «ифротгароӣ»-ро касб намудааст.

         Ифротгароӣ таърихи қадима дорад. Аллакай дар даврони хилофати Алӣ ҷараёни хориҷиҳо бо тағйир додани муносибати худ ба Алӣ ба ифротгароӣ замина гузоштанд. Онҳо ҳам дар масоили сиёсӣ ва ҳам фиқҳӣ ба ифрот роҳ доданд. Баъдтар дар садаи XIV дар замони ҳукмронии муғулҳо, ки дини исломро қабул намуда, ҳам рӯза мегирифтанд ва ҳам намозро барпо медоштанд, лекин тибқи қонунҳои миллии худ зиндагӣ мекарданд, ифротгароӣ аз нав эҳё мегардад. Ибни Таймия, ки дар он даврон мезисту аз донишмандони муътабари олами ислом маҳсуб дониста мешуд, новобаста аз иҷрои талаботҳои динӣ тибқи шариати ислом зиндагӣ накарданро хориҷ аз ислом ба қалам медиҳад. Ҳамчунин дар масоили сиёсӣ низ Ибни Таймия ба ифрот роҳ додааст. Афкори ифротии Ибни Таймия сабаб мегардад, ки пешвоёни дини замона ӯро маҳкум намоянд.   

         Ифротгароӣ дар қарни XX  маҳз дар кишварҳои мусалмоннишин нерӯ аз нав нерӯ мегирад. Раванди мазкур, аз як нигоҳ, вокунише буд ба раванди дунявишавии ҷомеа ва воридшавии дастовардҳои илму технологияи ҷадид ба ҳаёти маишии мардуми мусалмон. Аз тарафи дигар, таҳмил намудани арзишҳои ғарбии ба тарзи зиндагии мусалмонон мухолиф ва бо истифода аз сиёсати муғризонаи геополитикӣ ғорат намудани захираҳои табии кишварҳои мусалмоннишин низ ба тавлиди ифротгароӣ сабаб гардидаанд. Хулоса, ифротгароён моҳиятан кӯхнапараст буда, тағйиротҳоро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва маънавии аҳли ҷомеа, ҳамчун раванди ногузир ва ҳатмӣ қабул карда наметавонанд. 

         Ба ҳамагон маълум аст, ки нерӯ гирифтану тавсеа ёфтани ифротгароӣ дар бисёр кишварҳо сабаби эҷоди муноқишаҳои зиёди иҷтимоӣ гардид.          

Низоъҳо дар байни пайравони мазоҳиби гуногун ва ҳатто дингароёну дунявигароён  ҳатто то ба задӯхӯрдҳои мусаллаҳона рафта расиданд. Ҳеҷ кас инкор намекунад, ки дар кишвари мо низ яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҳз ба аъмолу афкори ифротӣ даст задани баъзе қишрҳои дингарои ҷомеа буд. Ҳамчунин ба сабаби аъмол ва афкори ифротӣ дар байни салафиҳо ва ҳанафиҳо чандин муноқишаҳои шадид сурат гирифтанд ва баъзе аз онҳо ҳатто бо задухӯрдҳо анҷом ёфтаанд. 

         Имрӯз агарчанде аксари мардуми кишвар ҳанафимазҳабанд, лекин дар байни аҳли ҷомеа пайравони салафия, ансоруллоҳ, ТТЭ ҲНИ, ҳизби таҳрир, ДИИШ ва амсоли инҳо кам нестанд. Илова ба ин, андешаҳои ифротӣ дар ҷомеа тавассути Интернет ва адабиётҳои динии мухталиф низ  интишор мегардад. 

         Аз ин лиҳоз, таъмини  зиндагии орому осуда мубориза бар зидди раванди ифротигароиро дар ҳамаи шаклҳои зуҳури он тақозо менамояд. Вақте мо таъмини  зиндагии орому осударо ҳадафи олӣ қарор медиҳем,   муборизаи мо бар зидди раванди ифротигароӣ ҳамчун кафили таъмини чунин зиндагии шоиста бояд оқилона, ҳадафмандона ва маҳсулнок бошад. 

         Оқилона мубориза бурдан бар зидди ифротгароӣ маънои онро дорад, ки пеш аз ҳама, решаҳои он ошкор сохта шаванд. Сониян, ба муқобили он далелҳои муътамади ҳам шаръӣ ва ҳам илмӣ истифода бурда шаванд. Яъне, мубориза бояд тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда сурат гирад.  Мубориза бар зидди ифротгароӣ тақозо менамояд, ки ҷанбаҳои заъф, ноустувор ва калавандаи таълимот  ошкор ва хунсо карда шаванд. Барои ин, дониши муайяни динӣ зарур мебошад.

         Ҳадафмандона мубориза бурдан, аввалан,  маънои онро дорад, ки  самтҳои зарарнок, даҳшатангех ва хатарноки нерӯҳои ифротгаро бояд ошкор гардонида шавад. Сониян, дар ин ҷода бояд муайян намуд, ки худи дин ғайр аз роҳи ифротии ифротгароён талқинкунанда, роҳи дигареро низ пешниҳод менамояд ё не? Принсипи мазкур низ огоҳӣ аз дину таълимотҳои диниро тақозо менамояд. 

Маҳсулнок будани мубориза бар зидди раванди ифротгароӣ маънои онро дорад, ки шахси ифротгароро ба нодуруст будани мавқеъ ё андешааш бояд мутмаин гардонд. Амали мазкур низ бархӯрдор будан аз дониши амиқи диниро тақозо менамояд. Умуман, таъмини муборизаи маҳсулнок бар зидди ифротгароӣ ҳамчун раванди барои оромию осудагии ҷомеа мушкилэҷодкунанда иҷрои талаботҳои зеринро дар назар дорад:

     - Огоҳӣ бо таълимоти хориҷиҳо ҳамчун ҷараёни ба аъмол ва афкори ифротӣ асосгузошта, сабабҳои пайдо шудани ҷараёни мазкур, оқибатҳои мудҳиши татбиқи таълимоти ҷараёни мазкур; ошкор намудани ҷанбаҳои  нодуруст ва беасоси ин ҷараён ва дар умум рад намудани таълимоти онҳо дар заминаи нишондодҳои Қуръону аҳодиси набавӣ;

  - Бохабар будан аз моҳияти таълимоти Ибни Таймия ҳамчун яке аз асосгузорони назариявии қавии афкору аъмоли ифротӣ, донистани муҳити моддӣ ва маънавии фаъолияти ӯ, ки таълимоти ифротии ӯро ташаккул додаанд, бо далелҳои ақлию нақлӣ нишон додани ихтилофи  таълимоти ӯ бо фармудаҳои  Қуръону аҳодиси набавӣ, воқеият надоштани таълимоти ӯ дар амалияи исломӣ, махсусан дар ибтидои пайдоиш ва ташаккули ислом, хусусиятҳои моддию маънавии ҷаҳони имрӯза ва мухолифати қатъии он бо таълимоти асримиёнагии Ибни Таймия;

  - Донистани таърихи ташаккули дини ислом, махсусан марҳилаи ибтидоии он, ки дар он ҳеҷ як навъи афкору аъмоли ифротӣ вуҷуд надошт;

  - Огоҳӣ бо таълимоти ваҳҳобия ва салафия ҳамчун ҳаракатҳои ифротии хатарноки зудинтишорёфта, таноқузи ҷанбаҳои динӣ ва сиёсии ҳаракатҳои мазкур бо таълимоти ҳанафия;

  - Огоҳ будан бо сиёсисозии ислом ҳамчун раванди хатарнок ва даҳшатовар, шинос будан бо «далел»-ҳои ҳаракату ҳизбҳои сиёсии исломгаро, ҷанбаҳои барои тамоми ҷомеаи башарӣ хатарноки таълимоти онҳо, оқибатҳои мудҳиши сиёсисозии ислом дар мисоли иддае аз кишварҳои мусалмоннишин.

Зарурат ба таъкид аст, ки пайравони ҷараёну ҳаракатҳои ифротӣ

аз таълимоти дини ислом дар сатҳи зарурӣ огоҳанд ва мубориза бар зидди онҳо кори саҳл нест. Бо дониши сатҳӣ ба муқобили онҳо мубориза бурдан баръакс мавқеи онҳоро дар байни аҳли ҷомеа қавӣ мегардонад.  

Бинобар ин,  агар мо зиндагии орому осудаи худро арзиши олӣ ба қалам дода, муборизаи зиддиифротгароиро на дар сухан, балки дар амал роҳандозӣ карданӣ бошем, бояд бо маълумоти зарурӣ дар бораи нерӯҳои ифротӣ, чуноне ки дар боло зикр гардид, мусаллаҳ бошем. Ин маънои онро дорад, ки бар муқобили ифротгароӣ ҳамчун раванди барои амнияти ҷомеа хатарнок на ҳар гуна ниҳоди самти фаъолияташ дигар, балки мутахассисон, яъне ашхоси бо таълимоти ислом, таърихи он ва моҳияти таълимоти равияҳои ифротӣ бохабар мубориза баранд. Яъне, душманро наомӯхта чӣ тавр мо метавонем бар зидди он мубориза барем ва дар ин самт ба натиҷаи дилхоҳ даст ёбем? Ҳадафмандона мубориза бурдан бар зидди ин раванди хатарнок тақозо менамояд, ки ҳар гуна ниҳоди дар ин самт корбаранда бояд фаъолияти худро ҳадди ақалл дар зери назорати кормандони Маркази исломшиносӣ ҳамчун ниҳоди аз ислом ва таълимоти он  огоҳ ва дар мубориза бар муқобили ифротгароӣ бештар таҷрибаандӯхта ба роҳ монад. Танҳо тавассути муборизаи оқилона, пешакӣ тарҳрезишуда ва бо ҷалби мутахассисони ботаҷриба роҳандозишуда  мо метавонем нерӯҳои ифротгароро заиф гардонем ва дар таъмини зиндагии орому осудаи кишвар саҳмгузор бошем.      

Ҳақназарова Мавзуна- мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.