МУЛОҚОТ БО ҲИЗБИЁН

Фархор:  

  Санаи 2 майи соли ҷорӣ мулоқоти мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ бо кормандони Маркази репродуктивии ноҳия оиди дастуру супоришҳои Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дар мулоқот бо ходимони дин ва намояндагони ҷомеа дода буданд доир карда шуд.

         Раҳимова Маъмурбӣ зимни суханронӣ оид ба масъалаи тарбияи дурусти ҷавонон ва пешгирии онҳо аз гирифтани таълимоти ғайриддини баромад намуда, иброз доштанд, ки тибқи лоиҳа, ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон моддаи 334 прим. 1 илова карда шуд. Минбаъд барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва давоми сол, пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад.

Ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бомаврид ва қобили дистгирӣ буда, яке аз роҳҳои пешгирии паҳн шудани ҳар гуна таълимоти динӣ-ифротӣ дар кишвар аст. Зеро раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ, сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ буда, асосан дар шароити ҳуҷраҳо ва манзили зисти рӯҳониёни иртиҷоӣ ба роҳ монда мешавад. Тамоюли ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудани насли наврас то ҳол ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи болоравии сатҳи таассубу хурофот, радикализми динӣ ва моилсозии ҷавонон ба сафи гурӯҳу созмонҳои террористию экстремистӣ боқӣ мондааст.Агар хатари асосии таҳдид ба амнияти давлатӣ ва давлатдории дунявӣ зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ бошад, пас сарчашмаи асоси паҳншавии ин зуҳуроти хатарзо аз таълими ғайриқонунии динӣ сарчашма мегирад. Ба хулосаи коршиносон, 90-95 фоизи аъзои ташкилотҳои террористию экстремистӣ таълимгирандагони мактабҳои ғайриқонунии динӣ мебошанд. Табиист, ки гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ ба насли наврас ҷаҳонбинии хурофотӣ ва ғайриилмӣ дода, сабаби қафо мондани ҷомеа аз дастовардҳои илму техника, омӯзиши фанҳои дақиқ ва умуман, рушду тараққиёт мешавад. Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъол гардидани таълими ғайриқонунии динӣ низ боиси ташвиш гардидааст, зеро таълими мазҳабу равияҳои гуногуни барои муҳити динии Тоҷикистон ғайрианъанавӣ, аз ҷумла равияҳои салафия, низ таблиғ мешавад.Дар Тоҷикистон низ дар солҳои навадуми асри гузашта дар натиҷаи фароҳам омадани шароитҳо, муассисаҳои динӣ дар ҷомеа якбора рӯ ба афзоиш оварданд, ки ин ба болоравии сатҳи диндориву хурофотзадагӣ дар ҷомеа боис шуд. Аз вазъияти баамаломада, пеш аз ҳама, диндорони кишвар бо ёрии хоҷагони берунаи худ вазъиятро ба манфиати худ истифода бурда, аз камсаводӣ ва дарки нокифояи идеологияи миллӣ мардумро ба шӯру кашмакашиҳои бемаънӣ расониданд. Ҳодисаҳои гузашта моро бояд водор созад, ки сари ҳар гуфтору рафтори “исломиёни бунёдгаро” ва “хоҷагони” онҳо дуруст хулоса барорем.