ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ВОЛОНТЁРОНИ ҲХДТ ДАР ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИ "ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД"

Бохтар: Созандагони ватан  

Ба мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, тарғибу рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ имрӯзҳо дар кишвар озмуну фестивалҳо вобаста ба рушди ҳунару истеъдод баргузор шуда, маҳсули ҳунари волои ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Санаи 3 майи соли равон дар саҳни муассиаи давлатии театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар даври дуюми фестивали ҳунармандони вилояти Хатлон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони Ҳунар беҳтар аз зар бувад” доир гардид. Ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуда маҳсули дасти худ, ҳунарҳои миллӣ ва мардумиро ба маърази тамошо гузоштаанд.

Ҳамзамон, дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ волонтиёрони аъзои Ташкилоти ҷамъияти ҷавонони “Созандагони ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок намуда, саҳми худро дар ҳайёти сиёсии мамлакат, инчунин пешрафту давлату миллат мегузоранд.

 Фестивали “Ҳунар беҳ аз зар бувад аз рӯи се номинатсия кандакорӣ дуредгари бо чӯб (гавҳорасозӣ, қошуқтарошӣ, табақтарошӣ, армуғонсозӣ, шонасозӣ, сангтарошӣ) номинатсияи дӯзандагӣ (ҷомадӯзӣ, тоқидӯзӣ, рӯймолдӯзӣ, зардӯзию гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, шероздӯзӣ, куртадӯзӣ) ва номинатсияи бофандагӣ (атласбофию адрасбофӣ ва читгарӣ) иборат буд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳадафи баргузории фестивали “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”, баланд бардоштани тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида ва муаррифии наъҳои гуногуни маҳсули ҳунармандӣ мебошад.

Намояндагони Мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳайати Кумитаи тадорукот ва аъзои ҳакамон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ҳунармандони вилоят дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Сипас, аз ҷониби ҳунармандони вилоят барномаи консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Дар фарҷом ба ғолибони даври дуюми фестивал диплом ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим карда шуд.