Мусобиқаи “Гӯштини миллӣ” баргузор гардид.

Восеъ: Созандагони ватан  

Гӯштингирӣ яке аз қадимтарину писандидатарин навъи варзиш миёни мардуми тоҷик аст. Ҳазорсолаҳост, ки он миёни мардуми тоҷик шукӯҳу шаҳомати худро нигаҳ медорад ва дар ин давра ҳазорҳо диловарони тоҷик бо ин навъи варзиши пурифтихор майдондорӣ мекунанд. Имрӯз низ бо пайдо гаштани варзишҳои гуногун гӯштингирӣ манзалати худро аз даст надодааст, ки далели ин ба майдон омадани садҳо паҳлавонони сатҳи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистони имрӯза аст.Чунин як мусобиқаи варзишии бошукӯҳ аз рӯи намуди “Гӯштини миллӣ” дар деҳаи Тосқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар ин мусобиқа гӯштингирон ва паҳлавонони номӣ ва шумораи зиёди варзишгарон иштирок намуда, қувваи худро озмуданд. Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории мусобиқаимазкур ин рушди гӯштини миллӣ, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.