БАРГУЗОРИ ШАНБЕГИИ УМУМИНОҲИЯВӢ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАОРИФЧИЁН”

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ имрӯз аз ҷониби кормандони ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”  дар Зардолубоғи ноҳия  аксияи тозагӣ доир карда шуд.

Дар аксияи мазкур дар Зардолубоғи ноҳия, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани симои ноҳия саҳми арзандаи худро гузоштанд.