АКСИЯИ ҲИЗБИ ЗЕРИ УНВОНИ "ҲХДТ- ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Дӯстӣ, аъзои фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.           

       02.05.2024 аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Дӯстӣ,  барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи корхона  Аксияи ҳизбии "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" яъне тоза намудани гирду атрофи корхона   баргузор гардид.
         Кормандони Кумитаи иҷроия бо меҳнати софдилона атрофи гулҳову дарахтони бинои ҳизбро нарм карда ва ба онҳо об доданд. Инчунин гирду атрофи корхонаро ободу зебо гардониданд.
         Ин иқдом аз ҷониби кормандони Кумита  дар оянда низ идома хоҳад ёфт.