ДУШАНБЕ ШАҲРИ ГУЛҲО

Балҷувон: Созандагони ватан  

Ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зери сиёсати устувори фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои фарҳанги миллии мо эҳё гардида истодаанд. Яке аз онҳо ҳунари гулпарварӣ мебошад ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” шаҳодати ин гуфтаҳост.

Гулпарварӣ санъати қадимаи мардуми тоҷик аст. Дар замонҳои хеле қадим гузаштагони мо дар қасру кӯшкҳои худ ва мардуми одӣ дар боғҳои худ ҳамеша гул мекоштанд ва гулпарварӣ мекарданд. Ин анъанаи гузаштагонро ҳоло Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  идома дода, барои рушди он ҳамеша кӯшиш менамоянд.

Ҳадафи асосии баргузории фестивал вусъат бахшидани корҳои ободонию сабзкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо, деҳоту маҳаллаҳо, инчунин, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардондани суннатҳои беҳтарини миллӣ ба ҳисоб меравад.

Тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хос доир намудани «Сайри гули лола» нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик буда, мардумро ба корҳои ободонию сабзкорӣ ҳидоят мекунад.