АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР»

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Қубодиён, аъзои фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Чунин иқдом имрӯз дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  бо иштироки раис ва кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи бино Аксияи ҳизбии "Ободкори мароми мост" яъне тоза намудани гирду атроф баргузор гардид.