Мусобиқаи волейбол миёни деҳаҳо баргузор гардид.

Восеъ: Созандагони ватан  

Бекмурод Муродов, устоди варзиши Тоҷикистон мебошад.  Дар деҳаи Тосқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалии ноҳияи Восеъ, бо дастгирии фарзандони ин марди накуном, мусобиқаи кушоди бозии волейбол доир карда шуд. Мусобиқаи мазкур дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Наврӯз, рӯзи 30-юми апрел бо иштироки 12 дастаҳои беҳтарин аз деҳотҳои ноҳия баргузор гардиданд.Бояд қайд намоем, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиши намуди волейбол, мустаҳкам намудани дӯстии байни ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ ва қонунвайронкуни байни ҷавонону наврасон ташкил ва баргузор карда шуд.