ХИЁНАТ БА ВАТАН-МОДАР ВА ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН НОБАХШИДАНИСТ

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

 

     Хати марзи ватан имрӯз хати номӯс аст,

      Ай баномӯс ватандор ватанро нафурӯш.

            Вокуниш:Тибқи маълумотҳои олимону сиёсатшиносони муосири тоҷик ва олам яке аз хусусиятҳои асосии ифротгароии динӣ дар он аст, ки ин ҳаракат аз бисёр назар ба миллигароии ифротии арабӣ пайваст буда, араб буданро ҳамчун як имтиёз ва ифтихор ҳисоб мекунад. Масъалаи “арабу аҷам” ё шакли имрӯзааш, баҳси “Эрону араб”, дар тӯли таърихи ҳамзистии ин ду халқият ташаккул ёфта, масъалаҳои қавмӣ, нажодӣ, фарҳангӣ, сарзаминӣ, арзишӣ, динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Дар замони муосир низ ин баҳс дар сатҳҳои гуногун идома дошта, гоҳо зери шиорҳои миллӣ, гоҳо зери шиорҳои мазҳабӣ ва гоҳи дигар зери шиорҳои сиёсию геополитикӣ сурат мегирад.

            Гурӯҳҳои ифротии динӣ ба фарҳангу маърифат ва хусусан, ба тасаввуфу ирфон назари шадидан манфӣ дошта, онро умуман эътироф намекунанд. Хусусан пешвоён ва назариясозони равияи салафияи такфирӣ ҳамеша тасаввуфу ирфони исломӣ ва адабиёту осори ирфониро маҳкум намуда, дар бораи он ҳукмҳои қатъии худро эълон намудаанд, ки онро ҳамчун зиддият бо мардуми ориёнажод ва нафрат ба фарҳангу тамаддуни тоҷикон маънидод намудан мумкин аст. Онҳо бо ҳама гуна осори ҳунар, фарҳанг, таърих ва тамадун дар ҷанг қарор дошта, чун як нерӯи торики барбарии зиддитамаддунӣ тамоми осори фарҳангиву ҳунариву таърихиро огоҳона нобуд мекунанд. Дар ин масъала метавон ба баъзе мисолҳое рӯ овард, ки дар ҳамин солҳои охир дар пеши чашми тамоми башарият рух доданд:

- гурӯҳи ифротгарои “Толибон”-и Афғонистон баробари ба ҳокимият расидан дар соли 1996 ба нобудсозии пайвастаи тамоми осори ҳунарӣ, таърихӣ ва тамаддунии ҳудуди ин кишвар оғоз намуданд;

- гурӯҳи ифротгарои динии “Боку ҳаром” ва “Аш-шабоб”, ки дар кишварҳои Нигер, Сумолӣ ва Молӣ фаъолият доранд, соли 2011 пас аз ишғоли шаҳри таърихии Тумбакту, бузургтарин ганҷинаи китобҳо ва дастхатҳои нодир дар Африқоро огоҳона хароб карда, бино ва китобҳои онро ба коми оташ кашиданд;

- гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” дар ду соли ҳокимияташ бар баъзе минатқаҳои Ироқ ва Сурия, даҳшатноктарин амалҳои зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддуниро ба намоиш гузошт- баробари ишғоли шаҳрҳо чун қабилаҳои ваҳшӣ вориди музейҳо шуда, тамоми ёдгориҳои ҳунариву фарҳангии бостониро бо табару зоғнулу арраҳои барқӣ мешикастанд ва тамоми китобу мусаввараву нигораҳоро пора мекарданд…. 

Ин аст, ки ҳар як инсони бофарҳангу ботамаддун ва ҳар як инсони огоҳу озод бояд худаш, шахсан, дар мубориза бо ин офати азим саҳм гирад ва ба ин муборизаи тамаддун алайҳи ҷаҳл, ба ин муборизаи фарҳанг бо бефарҳангӣ ҳамроҳ шавад. 

Имрӯз шаҳрвандоне, ки ба сафи равия ва ҳизбу ҳаркатҳои ифротии динӣ ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоинони Ватан ва миллат ҳисобида мешаванд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ аз 26-уми июли соли 2015 дар бораи ин гуна шахсон чунин гуфта буданд: “Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан - модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад.” 

           Яке аз муҳимтарин барномаҳои гурӯҳҳои ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақаи мо, аз ҷумла аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Онҳо ин нияти худро расман эълон карда, кишвари моро ҳамчун як ноҳияи хурди “хилофат”-и худ пешбинӣ мекунанд. Илова ба ин, онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихии мо муқобил буда, мақсадашон аз байн рафтани давлати мустақили мо, нобудии таъриху фарҳанги мо ва нобудии миллати мо мебошад. 

            Аз ҳамин лиҳоз бояд донист ва фаромӯш накард, киҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шуда ба Сурия ё Ироқ рафтааст ва нияти рафтан дорад, бевосита дар мақсадҳои зиддиинсонии ин разилон ва дар фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик мешавад. Чунин шаҳрванд барои аз байн бурдани давлати худ ва барои нобуд сохтани миллати худ ҳамроҳ бо ифротиён меҷангад ва барои амалӣ шудани ин мақсади онҳо ба онҳо ёрӣ мерасонад. 

Ҳамин тавр, ӯ дар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва дар душманӣ бо миллати худ қарор гирифта, хоини Ватан ва хоини миллат мешавад. 

         Ҳар он кас,ки Ватанро мефурушад,

         Ҷавону, пиру занро мефурушад,

          Агар мову туем мафҳуми меҳан,

          Ҳазорон туву манро мефурушад.

 

Аҳмадҷон Ализода, аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафшон”-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикирстон