СОАТИ СИЁСӢ БО БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ОДОБУ МАЪРИФАТИ НАВРАСОН БАРГУЗОР ГАРДИД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Восеъ ташаббуси ҳизбӣ таҳти унвони Соати сиёсӣ ташкил карда шудааст, ки ҳар моҳе як маротиба доир карда мешавад. Дар Соати сиёсии мазкур масъалаҳои доғи рӯз аз қабили таълиму тарбияи насли наврас, одобу маърифати хонандагон, муносибат ва рафтору гуфтори онҳо, фаъолноки дар дарсҳои мактабӣ, ҷалби пурра ба таҳсил мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.Дар МТМУ №1-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ низ чунин як соати сиёсӣ миёни ҷавондухтарони муассисаи мазкур гузаронида шуд. Дар рафти соати сиёсӣ бахсус дар бораи пешгирии насли наврас аз худкушӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, иштирок дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, истифодаи оқилонаи шабаҳои интернетӣ ва телефонҳои мобилӣ, доир ба дур будан аз бегонапарстӣ ва майл ба фарҳанги бегона ва дигар масъалаҳо истодагарӣ намуданд.