Дарахтшинонӣ бо иштироки аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кабудизоркунӣ амали ҳамешагии мардуми ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон буда, дар фасли тирамоҳу баҳор  мунтазам пайи ин амал мегарданд. Онҳо дар қад-қади роҳ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дарахтони ҳамешасабзу ороиширо шинонида, ҳусни ноҳия ва табиати диёрро зебо мегардонанд.

Субҳи рӯзи 1 май низ дар ноҳия ҳашари дастаҷамъона ташкил карда шуд ва коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар ин маъракаи умумӣ ширкат намуда, дарахтони ҳамешасабзи арчаро шинонидаанд, ки дар оянда ба ҳусни ноҳия зебогии дигар зам менамояд. Дар маъракаи умумӣ, яъне кабудизоркунӣ дар қатори дигар ташкилоту муассисаҳо коллективи кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроия Асадуллозода Ватани Давлатхуҷа ширкат намуда, саҳми худро дар ободонию кабудизоркунии ноҳия гузоштанд.