БАРГУЗОРИИ ВОХӮРӢ ДАР ДОИРАИ "СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ"

Ёвон:  

Бо мақсади иҷрои Нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва дастрасии адолат бо кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳиявӣ дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" аз 12 апрели соли 2024, ва мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриҳои судманд доир гашта истодааст. Аз ин лиҳоз санаи 2-юми майи соли ҷорӣ дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 39-и ҷамоати деҳоти Чоргул бо аҳли фаъолон ва сокинони ҷамоати мазкур вохӯрии судманд анҷом дода шуд. Дар вохӯрии мазкур роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон Файзализода Эмомалӣ, намояндаи Суди ноҳия Наимзода Фарҳод Абдуғаффор, Ёрдамчии прокурори ноҳия Саидзода Абдуқодир Рустам, ва намояндагони шуъбаҳои занон ва оила, ҷавонон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ва дигарон иштирок намуданд.

Нахуст раиси ҷамоати деҳоти Чоргул Сагов Саидхон маҷлисро оғоз бахшида меҳмононро ба аҳли нишаст муаррифи намуданд. Сипас намояндаи Суди ноҳия Наимзода Фарҳод суханрони намуда, иброз доштанд, ки соли 2024 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон гардидааст, дар ин росто мо бояд фаъолони ҷомеа дар байни аҳоли корҳои фаҳмондадиҳиро бештар намуда, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд бардорем. Ҳамзамон вобаста ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон ибрози назар карда қайд доштанд, ки ин дар ин масъала мо бояд бетараф набошем. Ҳамзамон Ёрдамчии прокурори ноҳия Саидзода Абдуқодир андешарони намуда, вобаста ба сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон таъкид доштанд, ки новобаста аз қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ҳоло ҳам бемасъулиятии бархе аз волидайн сабаб мегардад, ки фарзанди онҳо даст ба ҷиноят занад. Инчунин иброз доштанд, ки аҳли фаъолон бояд дар ин самт якҷо кор намуда, барои гирифтани пеши роҳи ин камбуди кушиш намоем.

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Файзализода Эмомалӣ ба сухан баромада сараввал вобаста ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавони худогоҳи тоҷик ҳам қарз ҳам шарафи бузург аст. Ҳамзамон дар самти пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ андешарони намуда, баён доштанд, ки имрӯз бояд ҷавони тоҷик зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд ва дар пешрафт ва гулгулшукуфоии ватани азизамон камари ҳиммат банданд.