ИДОМАИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи Нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҳар рӯзҳои панҷшанбе дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия бо иштироки васеи аъзо ва ҷонибдорони фаъоли ҳизбӣ бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳашарҳои дастаҷамъона ва Аксияи ҳизбӣ зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созандаву бунёдкор" баргузор мегардад.

Дар ин доира имрӯз бо иштироки васеи кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Фирӯза” чунин аксия баргузор гардида, ҳар як иштирокчи дар тозаю озода намудани атрофи муассисаи томактабии “Фирӯза” саҳми хешро гузошта истодаанд.