БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ МИЁНИ НАВРАСОН

Қубодиён:  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ҷиҳати вохӯрӣ бо сокинон ва ҷавонони кишвар вобаста ба риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», инчунин ҷиҳати даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мардонов Фирдавс мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо хонандагони муассиса вохӯрӣ баргузор гардид. Мавсуф иброз намуд, ки ҷавонони кишвар вазифадоранд, ки аз шароиту имконоти фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар самаранок истифода бурда, кӯшиш намоянд, ки илму дониш ва касбҳои муосирро аз худ намуда, содиқона дар ободиву пешрафти Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар нақшгузор бошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки ҳамеша пайи илму дониш бошанд. Кӯшиш намоянд, ки бо омӯзиш ва ихтирооти хеш дар рушду нумӯи ин сарзамин нақши арзанда гузоранд, зеро ин Ватан ба ҷавонон бовар дорад ва бар онҳо такя мекунад..