ҶАЛБИ ХОНАНДАГОН БА КИТОБХОНАҲОИ МАКТАБ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

            Китоб аниси кунҷи танҳоӣ ва фурўғи субҳи доноӣ барои шахси китобхону китобдўст мебошад. Китоб, рафиқи мувофиқ ва ҳамдами содиқу носеҳи беминнат аст. Масъалаи китобу китобхонӣ яке аз масоили муҳими ҷомеа дар ҳама давру замон ба шумор мерафт. Аз қадимулаём миллати тоҷик китобхонӣ ва касби илму донишро аз вазоифи аввалинидараҷа ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти худ шуморида, ба наслҳои баъдӣ фақат китобро ба мерос гузоштанд. Имрўз дар ҳар сафҳаи китоб метавонем қисмате аз таърихи пурифтихор ва бурду бохти миллати тоҷикро мушоҳида кунем. Роҳҳои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ аз масъалаҳои доғи ҷомеа мебошад, вале ин масъала бештар ба китобхонии бузургсолон иртибот мегирад ва нисбат ба хурдсолон махсусан хонандагони мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи камтар зоҳир карда мешавад. Ҷиҳати бартараф намудаи ин камбудиҳо аз тарафи роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳия тадбирҳои судманд роҳандозб шуда истодаанд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болои оид ба ҷалби хонандагон ба китхонаҳои мактабӣ маҳфили китобхонӣ амал менамоян, ки аъзоёни ин маҳфил хонандагони муассисаи мазкур мебошанд ва пайваста ба хондани китоб ва омодаги барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳурияви ба китобхона мераванд.