МУЛОҚОТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ МАҲАЛЛАИ №9

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Ҷиҳати иҷрои нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоташон бо намоянданони ҷомеа ва ходимони дин дода будан дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайравон” мулоқот баргузор карда шуд. Дар мулоқот аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳибии болозикр иштирок доштанд.Зимни суханронӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №9” оид ба мавзуи болозикр қайд карданд, ки Пешвои миллат ба масоили мубрами давлатдории миллӣ, риояи қонуният, сарфаю сарфаҷӯи, кӯмак ба ниёзмандон дахл намуда, муҳимтарин масоили иҷтимоиро баён намуданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат зикр намуданд: «Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям. Баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мо бояд имрӯз доир ба онҳо кушоду равшан назари худро гӯем, равандҳои номатлубро баррасӣ намоем ва пеши роҳи онҳоро гирем, ки мисли ҳодисаҳои солҳои 90-ум боз ягон фоҷиаи дигар сар назанад».Дар баробари ин, Пешвои миллат ба муҳимтарин масоли муносибати давлат ба дин, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва динӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон нуқтаҳои муҳими зеринро баён доштанд, ки дорои аҳамияти бузурги ахлоқӣ ва тарбиявӣ мебошанд:Мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ-ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд.