БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ МУЛОҚОТҲО БО ҶАВОНОН

Фархор: Созандагони ватан  

 Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 дар мавзуи “Терроризму ифротгарои  вабои аср” мулоқот баргузор карда шуд. Дар мулоқон омӯзгорони муассисаи мазкур иштор ва оид ба мавзуи болозикр суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки оолҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрўз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурўҳҳои номатлуб шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд. Бо назардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд. Аз ҳамин сабаб, намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои динӣ, маориф дар мавриди тадбирҳои пешгирӣ дер мекунанд, ки он боиси вусъат пайдо намудани радикализим, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ дар байни ҷавонон мешавад. Бо мақсади тавзеҳи бештари масъала бояд сараввал мафҳумҳои асосиро шарҳ диҳем: -ифротгароӣ зоҳир гардидан ё амалиёти ифротгароёнаи ҷомеа, ки бештар мустақиман ба сохти сиёсии ҷомеа, гурўҳ ё фардҳои алоҳида хатар ба вуҷуд меоваранд. Ифротгароӣ ба иҷтимоӣ, миллӣ, сиёсӣ ва динӣ ҷудо мешавад. Амалиёти сиёсии ифротгароӣ дар шаклҳои гуногуни фаъолият, аз зуҳуроти аз доираи конститутсия беруннараванда сар шуда, бо шаклҳои шӯриш, фаъолияти исёнгарона, терроризм сурат мегирад.