ТАШАББУСКОРИҲОИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБӢ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!”  беш аз 1 км роҳи аҳамияти Ҷумҳуриявидошта бо харҷи беш аз 750 ҳазор сомонӣ бо иштироки узви Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ, Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МДНРА” тариқи ҳашари дастаҷамъона таъмири асосӣ гардид.

Ин аст, ки мо ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем. Ин амали созандагиву бунёдкории сокинони деҳаҳои мазкур боиси хушҳолии хурду калон гардида, намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд.

Боиси қайд аст, ки чунин ободкориҳову созандагиҳо боиси он мегардад, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард азнавсозӣ ва таъмиру тармим ва даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардида, имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб осон гардонад.