БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ “СОАТИ СИЁСӢ”  ВА “МАКТАБИ МАН”

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27.04.2024  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 –и ноҳияи Шаҳритус бо иштироки раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Давронбек (зодаи деҳаи Лочин Нурови ноҳияи Шаҳритус, инчунин хатмкардаи муассисаи мазкур), масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус, директор, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ, инчунин  намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паём, оиди шарҳу тавзеҳи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати  сиёсии  ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои родикаливу экстремистӣ, зуҳроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб ва тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан,  тарғибу ташвиқи хизмат ва тарбияи ҳарбӣ  ватандустии ҷавонон ба  сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон соати сиёсӣ баргузор  гардид.  

 

Бояд қайд кард, ки дар ташкил намудани вохӯриҳои мунтазами хатмкунандагони муассисаи мазкур зери унвони  “Мактаби ман” аз ҷониби раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Давронбек ва ҳамсинфонаш дар муасиссаи мазкур 10 синфхона аз таъмири капиталӣ бароварда мешавад.